АШТ: Боздиди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло аз иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшаванда

 359 боздид
Зимни сафари корӣ ба ноҳия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло аз иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшаванда боздид ба амал оварданд. Дар рафти боздид Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони якқатор сохторҳои марбута ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло баъд аз боздид ба роҳбарияти ноҳия, масъулини сохторҳои марбута, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохтмончиён ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.