АШТ: Бозомӯзии кормандони комплекси агросаноатии ноҳия дар фасли зимистон баргузор гардид.

 245 боздид

Дар асоси дастуру супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят субҳи имрӯз, 4 – уми феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бозомӯзии барои кормандони комплекси агросаноатӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзӯи “Агротехникаи парвариши картошкаи барвақтӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта” баргузор гардид.
Дар семинар – машварат Рустам Каримзода – директори филиали Суғдии институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Домуллоев – директори филиали маркази такмили ихтисоси кадрҳои кормандони комплекси агросанотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикстон ба номи Ш.Шоҳтемур дар вилоят, Қаробоев Обломурод – котиби илмии стансияи таҷрибавии хокшиносӣ ва мелиоративии вилоят, роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ, мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ширкат варзиданд.
Масъулини сохторҳои марбутаи соҳаи кишоварзии вилоят оид ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат бармеояд, презентатсияҳои худро пешниҳод намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.