АШТ: ЧЕРНОБИЛЧИЁН ҚАДР ШУДАНД

 538 боздид

Имрӯз дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ашт бахшида ба рӯзи чернобилчиён ҷамъомад баргузор шуд. Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зимни суханрониаш қайд намуд, ки 26 апрели соли 1986 дар чор шаҷараи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобили Ҷумҳурии Украина садамаи радиатсионӣ рух дод. Он оқибатҳои хеле вазнин ба бор овард ва мудҳиштарин фоҷиаи асри 20 маҳсуб мешавад. Дар бартарафсозии паёмадҳои нохушу харобиовари он аз ноҳияи Ашт 10 нафар собиқ сарбозон саҳми худро гузоштанд. Аз онҳо имрӯз 6 нафар барҳаёт буда, 4 нафар вафот кардаанд.
Раиси ноҳия ба чернобилчиён сиҳативу бардамӣ ва умри дарозу хонаи обод орзу карда, гуфт, ки бигузор дар ҳаёти мардуми сайёра дигар ба ин монанд воқеаи даҳшатнок рӯй надиҳад ва тамоми аҳли башар, аз ҷумла тоҷикистониён, зери осмони софу беғубор хуррамона ҳаёт ба сар баранд.
Раиси ташкилоти ҷамъиятии иттифоқи чернобилчиён Турсун Исоматов сухан гуфта, ба иштирокчиёни барқарорсозии харобаҳои ин садамаи даҳшатнок тансиҳативу хотирҷамъӣ таманно намуд.
Дар охир ба саҳмгузорони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил ва ҳамсарони иштирокчиёни вафоткарда, кӯмаки яквақтаи пулӣ ва туҳфаҳои МИҲД-и ноҳия супурда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.