АШТ: Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президент ва ба истифода додани чархаи аввали НОБ-и «Роғун»

 1 139 боздид

Санаи 17 ноябри соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи обии барқии «Роғун» чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Солеҳзода Ашурбой, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар баромади худ иброз дошт, Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” на танҳо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин месозад, балки барои ояндаи рушди кишвар роҳ кушода, ҷиҳати бунёди садҳо корхонаҳои хурду бузург замина мегузорад ва барои интиқоли барқ ба кишвар ҳои ҳамсоя ва минтақа шароит фароҳам меоварад.

-Роғун ин сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон  ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост. Роғун таҷассуми рамзи ормонҳои бузургу орзуҳои наҷиби халқи тоҷик аст. Роғун сафобахши рӯзгор ва зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла зикр кард, ки ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми Нерғгоҳи барқии обии “Роғун”, ки мардуми тоҷик солиёни дароз интизории ифтитоҳи онро доштанд, баёнгари татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, дар заминаи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳмату меҳнати коргарони “Роғун” ва ҳамдастии халқу миллатҳои амалӣ гардид, ки ба хотирии ободию пешравии минтақа холисона ҳисса гузоштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт З. Мирдадо дар баромади худ гуфт, айни замон дар ин иншооти бузурги аср, наздик 25 ҳазор нафар муттахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 3 600 адад техника ва мошинҳову механизмҳо сафарбар карда шудаанд. Маҳз раҳнмоии ва пуштибонии сарвари давлат буд, ки имрӯз агригати аввалини Роғун ба истифода дода шуда, нури Роғун дастраси ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон гашт.

Дар охири чорабинии идона барои иштирокдорон,  барномаи театркунонидашудаи фарҳангӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.