АШТ: Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ дар ноҳия баргузор гардид.

 497 боздид

Имрўз дар варзишгоҳи марказии  ноҳияи Ашт чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ   баргузор шуд. Дар он кормандони мақомоти низомӣ,  мардони 20 то 55 солаи дар ҳайати захирабуда иштироки фаъолона ширкат варзиданд. Дар омодабошӣ техникаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар хати тайёр қарор гирифт.

Нахсут,  аз рафти баргузории чорабинӣ генерал–лейтенант Эмомалӣ Собирзода- сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат, муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия  шиносоӣ  намуданд.

Генерал –лейтенант  Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи мамлакат бо кормандони мақомоти қудратӣ,  фаъолон, инчунин шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати захирабуда сўҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Дар маросими ҷамъбастии чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ  генерал –лейтенант Эмомалӣ Собирзода, , сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед баромад намуда, вобаста ба чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ҳарф заданд.

Дар фарҷом сокинон бо як овоз иброз доштанд, ки ҳамеша бори поси марзу буми муқаддаси кишвар комилан омода ҳастанд ва ҳамеша ба Пешвои муаззами миллат содиқона хизмат мекунанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

         

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.