Нимаи дуюми имрӯз, санаи 7-уми сентябри соли 2021 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳакимзода Ҳаким аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба 3 нафар нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо кӯмакпулии яквақтаина қадрдонӣ карда шуданд.
Баъдан дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ба сухан баромада, ҳозирин ва тамоми мардуми шарафманди ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расониданд.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлолият, фазои орому осуда ва кишвари сарсабзу обод ҷашни бузургтарину муқаддастарини 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд.
Бо истифода аз фурсат кулли мардуми ноҳияро ба муносибати ин рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон табрик гуфта, саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору комёбӣ таманно менамоям.
Кишвари азизамон, баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Дастовардҳои кишвари мо дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он заминаҳои зиёди таърихиро дар худ доро мебошад.
Халқи тоҷик аз замонҳои қадим фарҳангу давлатдории ба худ хосро соҳиб буд. Инчунин, мардуми тоҷик шахсиятҳои зиёдеро соҳиб аст, ки барои рушду инкишофи ин миллату сарзамин хизматҳои зиёде кардаад. Яке аз аз чунин шахсиятҳои бонуфуз фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки барои рушди давлати соҳибистиқлоли мо хизматҳои назаррас кардаанд.
Ба шарофати Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа-иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Аз солҳои нахустине, ки мардуми тоҷик таҳти роҳбарии сарвари раиятпарвараш Истиқлоли давлатиро ба даст овард, дар тамоми самтҳои ҳаёт тағйироти куллӣ ба миён омад.
Яке аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Агар истиқлолият барои мо мустақилият ва озодиро фароҳам оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои рушди давлат, нигоҳдории истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизамон мусоидат менамояд. Барои ҳимояи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоёни таҳсин мебошад. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ низ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзад ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамчун намуна истифода баранд.
Ҳамаи файзу баракот ва фатҳи қуллаҳои мурод дар кишвари азизу маҳбубамон ба шарофати раҳнамоии бузургворонаву хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кишвари моро ба вусъатободи озодиву озодагӣ оварданд.
Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, бо тақозои вақту гузашти таърих Пешвои муаззами миллат тамоми нерӯи зеҳнию маънавӣ ва фитрию миллии кишварро ба самти бунёдкориҳо равона намуда, ҳам дар сиёсати иқтисодию фарҳангӣ ва ҳам дар сиёсатҳои байналмилалӣ номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз феҳристи кишварҳои ҷангзадаву ноором ба сархати давлатҳои амну рӯбатараққӣ бурданд.
Дар ҳамин асос, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ гуштариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озӯқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои олии стратегии сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар муайян карда шуданд.
Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо дар оянда низ баҳри ҳимоя ва пойдору устувор мондани он тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоем.
Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамояд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.
Бо орзуи ниятҳои нек бори дигар ба Шумо ҷашни таърихии Ватани азизамон 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафту ободиро таманно менамоям.
Инчунин аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси ноҳия ба якқатор фаъолони ноҳия, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқсаҳми назаррас гузоштанд бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.