АШТ: Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷойи якумро сазовор гардид.

 109 боздид
Имрӯз, 15.11.2024 дар майдони «Ситораҳо»-и маркази вилоят бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъбасти бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои корӣ мусоидат менамояд.
Таъкид карда шуд, ки тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2024 роҳандозӣ бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат буд.
Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷойи аввалро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд.
Дар ноҳияи Ашт беш аз 8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 60 дарсади нақшаро баробар мебошад.
Раиси вилоят ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ , ки ноҳияи Ашт ҷойи аввал шуд ба Шуҳрат Муҳаммадзода 17 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва вимпели сайёрро дар фазои тантанавӣ супорид.
Дар идома Раиси ноҳия баромад намуда барои таваҷҷуҳи хоса ба Пешвои муаззами миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ баён дошт.
Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ дурнамои ҳосили пахтаро аввалин шуда иҷро намоянд.
Ғалабаи меҳнатӣ бп сокинони ноҳия муборак бошад!
(сарчашма: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд)

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.