AШТ: ДАР ДЕҲАИ СОҲИЛИ СИР МУМФАРШКУНӢ ОҒОЗ ГАРДИД.

 404 боздид

Дар пайи мулоқот ва вохуриҳои пайвастаи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сокинон бо шукргузори аз давлатдорӣ ба мумфарш кардани роҳҳо машғул ҳастанд.

Пас аз мулоқоти самимии Шӯҳрат Муҳаммадзода бо скоинони деҳаи дурдастӣ «Соҳили сир» Ҷамоати деҳоти Ориён бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода мумфаршкунии роҳи деҳа оғоз гардид.

Бояд хотиррасон кунем, ки чанде пеш бо сокинони деҳа Раиси ноҳия мулоқот дошт ва давоми як ҳафта маблағ аз ҳисоби шахсони саховатпеша ғун гардид.

Сокинон дар вақти мулоқоти самимӣ иброз доштанд, ки омода ҳастанд барои идомаи ташаббуси Пешвои муаззами миллат беш аз 10 километро роҳҳои деҳаро мумфарш кунанд.

Бояд гуфт, ки мумфарш кардани роҳ тариқи ҳашар дар ноҳия ба раванди маъмулӣ мубаддал гаштааст ва то имруз беш аз 60 километр роҳ дар ноҳия мумфарш гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.