Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад.
Аз ҷумла, дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия сокинони бонангу номуси Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Ашти поён роҳҳои дохилиро мумфарш карданд.
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти ҷараёни мумфаршкунии роҳ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба деҳаи Ашт сафари корӣ ба амал оварданд.
Роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини ҷамоат суҳбати самимӣ анҷом доданда барои пайрави дар ҷодаи ободонӣ изҳори сипос намуд.
Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия сипосмандии худро баён карда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи раиси мардумӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.
Фаъолони деҳаи Ашти поён аз ҷониби Раиси ноҳия бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия