АШТ: ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПОНҒОЗ МУМФАРШИ РОҲ ТАРИҚИ ҲАШАР ИДОМА ДОРАД.

 6 482 боздид

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад. Аз ҷумла, дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия сокинони бо нангу номуси Ҷамоати деҳоти Понғоз дар нақша доранд 7 клометр роҳро тариқи ҳашар мумфарш хоҳанд кард.

Бо мақсади шиносои бо ҷараёни мумфарши роҳ Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Ҷамоат сафари корӣ ба амал овард.
Нахуст, роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоат дар оғози кор сӯҳбати самимӣ анҷом дод:

«Имрӯз ватани азизамон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад. Бояд мо ҷавобан ба ин меҳрубониҳои роҳбари давлат бо амалҳои ободкоронаи худ посух диҳем. Барои муттаҳид будан ва саҳмгузорӣ дар ободии роҳу диёр миннатдории худро ба мардуми солори Ҷамоати деҳоти Понғоз мерасонам. Бо саҳми мардуми саховатпеша барои таъмири роҳ беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ ҷамъовари гардидааст, ки байни 9 ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия боиси намуна мебошад.»

Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия миннатдории худро баён намуда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи раиси мардумӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.

То имрӯз дар маҳаллаи “Буррак” 740 метр, маҳаллаи “Хиштхона” 760 метр, мавзеи болои Понғоз 2 километр пурра мумфарш гардид.
Маврид ба зикр аст, ки то имруз наздик 4 клометро роҳҳои дохилӣ мумфарш гардида, 3 клометри дигар ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Барои хушсифат ва саривақт иҷро намудани корҳои роҳсозӣ наздик 20 адад техникаҳои хурду бузург сафарбар гардидааст.

Ба Шӯҳрат Муҳаммадзода иттилоъ дода шуд, ки наздик 10 тангкӯчаҳо мумфарш гардида, 5 куҷаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯ 7 клометрро ташкил медиҳад.
Чунин инқдоми мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Понғоз дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Меҳробод, Пунук, Ошоба, Ориён идома дорад.
Дар нашрҳои минбаъда вобасата ба мумфарш гардидани роҳҳо маълумоти муфассал пешниҳод хоҳем кард.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.