АШТ: ДАР СИТОДИ НОҲИЯВӢ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНИ ПЕШИСТОДА БАРРАСӢ ШУД

 509 боздид

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода дар толори хурди МИҲД-и ноҳия ҷаласаи кории комиссия оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо (тибқи қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 29.01.2015, №31, “Дар бораи таъсиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо”) баргузор шуд.
Аввалан, масъулон оид ба корҳои анҷомёфта маълумоти муфассал доданд. Аз ҷониби муовини Раиси ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ба танзим даровардани фаъолияти таксиҳои сабукрав, нақлиёти мусофиркашон, риояи қавоиди гигиенӣ аз ҷониби ронандаҳои нақлиёти мусофирбар, доштани фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд зикр намуд, санаи 29 апрели соли 2020 қарори Раиси ноҳияи Ашт, №275 “Оид ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 21.04.2020, №159 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ба тасвиб расидааст. Ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур дар ноҳия таҳти сарварии муовини Раиси ноҳия Ситоди ноҳиявӣ дар ҳайати 22 нафар таъсис дода шудаву нақша-чорабиниҳо тасдиқ шудаанд. Дар асоси қарори болозикр аз ҷониби раиси комиссияи ноҳиявӣ Ҷамшед Маҳмудзода ҷиҳати таъмини саривақтии нуктаҳои қарор ба роҳбарони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва чанди дигар супоришҳо дода шуданд.
Дар самти таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ҳамаҷониба омода будан барои паси сар намудани тирамоҳу зимистони пешистода раиси комиссияи ноҳиявӣ андешаҳояшро бозгӯ намуда, аз ҳайати комиссияи мазкур фаъолияти ҷоннок бомасъулиятиро талаб намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.