Ин нукта санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар вохӯрӣ оид ба амалишавии Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коҳиш додани сатҳи пошхӯрии оилаҳо, аз ҷониби муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ садо дод.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Раҳимова Назира, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба эҳтиёҷмандон Самиев Камолиддин, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт Обода Каримӣ, намояндаи маркази Бемории пайдошудаи норасоии масуният духтур сироятшинос Мирқосимов Саидҷон мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, соҳаи афзалиятноки ҷомеа- фаъолони соҳаи маориф ва тандурустӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва занони собиқадор иштирок доштанд.
Нахуст Хуршеда Хоҷазода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалишавии Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2015 сол, №801, барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 ва дигар барномаю стратегияҳои давлатӣ, инчунин барои ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани сатҳи пошхӯрии оилаҳо, фарҳанги оиладорӣ, никоҳи хешутаборӣ ва маърифати оиладории ҷавонон, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва оид ба сатру ҳиҷоб, ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ва ҷинояткории занон, аз байн бурдани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, ҷалб намудани занҳои хонашин ба корҳои мавсимӣ, баромад намуд.
Сипас Аниса Ҷалилӣ муоивини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар баромади худ зикр дошт, “Ҳамагон воқиф ҳастед, ки ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста мебошад. Баҳри коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо чӣ қадар корҳо амалӣ карда мешавад. Дар ноҳия дар 9 моҳи соли 2019 никоҳи 278 адад оилаҳо бекор карда шудааст, ки назар ба 9 моҳи соли гузашта, 48 адад кам мебошад. Гарчанде кам шуда бошад ҳам ин рақамҳо моро бетараф гузошта наметавонад. Месазад, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намоем».
Иштрокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Хуршеда Хоҷазода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳамчунин се нафар аз сокинони ноҳияи Ашт аз Ҷамоати деҳоти Понғоз ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ модари 112 сола Зоирова Норӣ ва Дадоматова Бибинисо 75 сола, модари марҳум Дадоматов Тоҳирҷон, ки дар сохти конститутсионӣ фавтидааст, ҳамчунин аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, нафақахӯр, собиқ мудири бахши кор бо занон ва оила Ашурова Муҳаррамро аёдат кард.