Санаи 29 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ дастаҳои ғолиби даври вилоятии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат ва байни ҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷаи муқовимат ҷои аввал насиби дастаи ноҳияи Ашт, ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Файзобод ва ҷои сеюм насиби дастаи шаҳри Кӯлоб гардид.
Дар фарҷоми мусобиқа Маҳмадуллозода Абдулло — сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибонро бо медал, диплом, мукофотҳои пулӣ ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ намуданд.