23.07.2024
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Хуҷанбердиев мулоқоти кушод ва самимӣ анҷом дод.
Раиси ноҳия бо мардум молиқоти сарироҳӣ анҷом дода, аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, бобати дастовардҳо дар нимсолаи аввали соли равон сухан гуфт.
Роҳбари ноҳия зимни сӯҳбат қайд намуд, ки бо ҳиссагузории шахсони саховатпеша тариқи ҳашар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат дорад ва танҳо дар нимсолаи аввал беш аз 60 километр роҳҳои дохилӣ ба таври ҳашар мумфарш карда шуд.
Дар мулоқот сокинон иброз доштанд, ки барои мумфарш кардани роҳи деҳа омодаанд, маблағ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғоти ҷам гардида, рӯзҳои наздик оғоз мекунанд.
Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода бобати пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, риояи танзими анъана сухан гуфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳия