АШТ: ФЕСТИВАЛИ “АТЛАСУ АДРАС” БАРГУЗОР ШУД

 638 боздид

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии  “Атласу адрас” баргузор шуд.

Фестивали мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоҳои атласу адрас, тарғиби либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии тоҷикона, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ рӯйи кор омадааст.

Дар фестивал наздики 100 нафар довталабон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намудаву мубориза бурданд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон тибқи нишондодҳои Низомнома баҳогузорӣ карда шуд:

Аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин либоси кӯдакона” Дилором Турсунматова ва Раъно Хоҷаназарова аз боғчаи бачагонаи “Истиқлол” ,  ҷамоати шаҳраки Шайдон соҳиб шуданд.

Ҷойҳои ифтихориро тибқи номинатсияи “Беҳтарин либоси расмӣ ва рӯзмарра” Расулова Шоҳона (ҷ.д.Ашт) ва Сафарова Муҳсина (ҷ.д.Ифтихор) ба даст оварданд.

Расулова Зиёда (ҷ.ш.Шайдон) ва Тиллобоева Дилафрӯз (ҷ.д.Меҳробод) мутаносибан ҷойҳои якум ва дуюмро дар номинатсияи “Беҳтарин либосҳои идона” соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин либоси маросимӣ” Масолиева Ҳамробибӣ  ва Ҳусейнова Машкура (ҷ.д.Понғоз) ба гирифтани ҷойҳои якуму дуюм мушарраф шуданд.

Ғолибон ба даври вилоятии фестивал роҳхат гирифтанд.

Ғолибонро муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳия сарфароз намуд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.