АШТ: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

 683 боздид

Имрӯз, 3 октябри соли равон дар майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ аз ноҳияи Ашт Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт, ҳеҷ гоҳ аз хотир набароред, ки зиндагии осоиштаи падару модарон, хоҳару бародарон умуман мардуми диёрамон, рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо садоқат ва ҷасорати ҳарбӣ, риояи одоби хизматчии Шумоён вобастагӣ дорад.
Қурбоналӣ Сулмонзода Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Сафарзода Баҳриддин Сафар Прокурори ноҳия зимни баромади худ гуфт, умед дорем, онҳо дар рафти хизмат бо риояи интизоми ҳарбӣ, бо руҳияи шикастнопазири ватандӯстона ва садоқат ба Ватану миллат қарзи муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Аз тарафи Раиси ноҳияи Ашт ва Комиссари ноҳия ба як қатор фаъолон ва падару модарон номаи миннатдорӣ ва Сипосномаву туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Дар охир барномаи хуби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даъвати тирамоҳӣ аз ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 115 нафар сафарбар карда шуданд, ки зиёда 65-фисади нақшаро дар бар мегирад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.