АШТ: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 1 682 боздид

Субҳи имрӯз, 2-юми октябри соли 2021, дар саҳни муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ, муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоӣ – фарҳангӣ Ҷалилӣ Аниса, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.
Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия табрикоти Раиси ноҳияро ба самъи ҳозирин расонида, қайд намуд: “Имрӯз гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае баргузор гардида истодаааст, ки дар соли таҷлили ҷашнвораи бузурги таърихӣ 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони меҳнатқарини ноҳия бо руҳияи болидаву ҳисси ватандӯстӣ ба хотири ободу зебо гардонидани диёр, сарҷамъу аҳлона заҳмат кашида истодаанд.
Имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 — 2003” бо камоли ифтихор ва хушнудӣ 70 нафар даъватшавандагонро ба хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел намуда истодаем.
Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқ, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.
Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.
Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид месозанд, ки “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”
Мо боварӣ дорем, Шумо, фарзандони азиз, бо одоби намунавӣ ва хизматҳои шоистаи худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва сулҳу суботи мамлакатамон садоқати худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон собит хоҳед кард.
Мо имрӯз ба ҳамаи падарону модарон, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба воя расониданд ва ба ҷавонписароне, ки бо амри дил барои хизмати Ватан — Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия арзи сипос менамоем.
Ба Шумоён фарзандони азиз саломатӣ, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаи муқаддасатон дар назди халқу Ватани азиз пирӯзиву бурдбориҳо орзу менамоем.
Ҳеҷ гоҳ аз хотир набароред, ки зиндагии осоиштаи падару модарон, хоҳару бародарон умуман мардуми диёрамон, аз садоқат ва ҷасорати ҳарбӣ, риояи одоби хизматии Шумоён вобастагӣ дорад.
Ҳамеша сиҳатманд ва сазовори ҳурмату эҳтироми халқу Ватан бошед”.
Баъдан навдаъватшаванда Шоҳин Насимӣ аз Ҷамоати деҳоти Ашт дар баромади худ зикр дошт, ки мехоҳам ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол барои Ватан ва ҳимояи марзу буми он хизмати содиқона анҷом диҳам.
Ҷамолиддинова Фотима модари навдаъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Понғоз ва Саодатдинов Саидҳасан аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия суханронӣ намуда, ба навдаъватшавандагон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Инчунин аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳия ба 4 нафар медалҳои ҷашнии 20 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 супорида шуд.
Ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.
Дар охир барои сиҳату саломат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, ба назди волидайн баргаштани даъватшавандаҳо маросими нонгазонӣ баргузор карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.