АШТ: ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

 362 боздид

21.10.2022
Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии фаъолон бо муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, комиссари харбии вилоят Мирзозода Давлатшо, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – муовини Раиси Шӯрои Уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азимзода Дилшод Акбарӣ ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамиадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласаи муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, расонаҳои хабарии ноҳия, имом-хатибон ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.
Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода меҳмононро аз номи фаъолон хайрамақдам гуфт.

Сипас, оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2022, № 364 “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2022” дар ноҳия мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар рафти кори ҷаласа гузориши муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватии ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шунида шуд ва баъдан масъалаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.
Баъдан, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир баромад намуда вобаста ба маъракаи сиёсӣ ҳарф зад:
“Мардуми солори тоҷик дар ҳама давру замон сарзамини худро ҳимоя кардаанд. Мо ҳам анъанаи аҷдодиамонро идома дода, ин сарзамини ободу озодро бо амри дил ҳифз мекунем. Туфайли заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ имрӯз шароити буду боши сарбозон дар дараҷаи олӣ аст. Танҳо моро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандустиву ватанпарастӣ тарбия намоем. ”
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар баён намуд:
“Ҳоло вақти нангу номус аст, ҳар як ҷавони ватандӯст ва меҳанпараст қарзи муқаддаси худро бояд дар назди ватан иҷро намояд. ”
Дар идома муовини Раиси вилоят дастур дод, ки дар тарғибу ташвиқи шомилшавии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дучанд ба роҳ монда шавад.
Баъдан комиссари вилояти Суғд муҳтарам Мирзозода Давлатшо вобаста ба мактабӣ мардонагӣ будани хизматӣ ҳарбӣ баромад намуд.
Дар баромади худ намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азимзода Дилшод Акбарӣ баёд дошт, ки ҳар як фарди бо нангу номус бояд ватанашро ҳифз кунад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – муовини Раиси Шӯрои Уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дӯстдории ватан аз имон аст ва оне, ки падару модара дӯст медорад бояд марзу буми Тоҷикистонро ҳифз кунад.
Дар худи толор Пояндашоев Сиёвуш Сифатшоевич писари танҳо, соли таваллудаш 2001 аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон ба минбар баромада ибороз дошт:
“Ман бо амри дил мехоҳам хизмати Модар-Ватанро иҷро намоям. Падарам 25 сол дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат намудаанд ва ман мехоҳам мисли падарам ҳарбӣ гардида, Тоҷикистони азизро ҳифз кунам. Мехоҳам, ҳизмати ҳарбиро дар ВМК Бадахшон ба сомон расонам. Модарони азиз ба фарзандон фаҳмонед, ки мактаби мардонагиро якҷоя гузарем”
Аҳли толор аз суханони ин ҷавон ба важҳ омада, бардавом кафкӯбӣ карданд.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки дар ноҳия барои даъвати ҷавонон ҳама шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Мо бояд барои иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон корбариро ҷоннок намуда, барои иҷрои нақша кӯшиш намоем. Раиси ноҳия бобати ин масъала ба масъулин дастури қатъи дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.