АШТ: Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси насли ҷавон мебошад.

 972 боздид

14.06.2023.                                                   вақт:12:00

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия силсила вохурии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамадзода ин навбат  бо ҷавонписарони хатмкунандаи Ҷамоати деҳоти Ориён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  кормандони комисариати ҳарбии ноҳия, роҳбарияти ҷамоатҳои номбурда директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шаъхсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ибрози андеша намуд:

“Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон, махсусан насли ҷавон мебошад. Барои  ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар яки мо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирем. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

Ҷавонони саодатманди ноҳия ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқи фаъолияти хеш интихоб намуда, баҳри нигаҳдошти марзу буми Тоҷикистон ҷони хешро дареғ намедорем.”

Дар худи толор пас аз суханҳои самими  Раиси ноҳия  аз ҷой бархеста иброз доштанд, ки ба даъвати тирамоҳӣ омода ҳастанд бо амри дил барои поси Ватан раванд.

Дар назар аст бо ҷавонписарони хатмкунандаи дигар ҷамоатҳо чунин вохуриҳо баргузор гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.