Дар идомаи боздиди роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои пахтакор субҳи имрӯз, санаи 29 майи соли равон, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз вазъи нашъунамои пахта ва кишти зироатҳои баҳорӣ ба Ҷамоати деҳоти Ошоба ташриф оварданд.
Зимни боздиди хоҷагиҳои пахтакор роҳбарияти ноҳияро роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардор ва кормандони раёсатҳои кишоварзӣ, омор, кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, бозрасии давлатии техникаи кишоварзӣ, Ашт – кимиё, раисон, кишоварзон ва заминсозони чамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулин оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, додани обу ғизоҳои минералӣ ва култиватсия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия имсол дар майдони 6200 (шаш ҳазору дусад) гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки боздиди роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои пахтакори боқимонда ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ дар назар дошта шудааст.