АШТ: Идомаи мулоқоти Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз.

 368 боздид

Имрӯз 4-уми феврали соли 2022, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо сокинони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, КИ ҲХДТ дар ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сартабибони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, роҳбарият ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз, вакилони ҷамоатҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби сокинон дархосту таклифҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия 4 нафар собиқадорон, маъюбон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони яккаву танҳои Ҷамоати деҳоти Понғоз бо маводи хӯрокаи ниёзи аввал аёдат карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.