Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нимаи дуюми рӯз 3-юми феврали соли 2022, дар тарабхонаи “Орзу” – и Ҷамоати деҳоти Ашт ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ — иҷтимоии Ҷамоат мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо сокинони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, КИ ҲХДТ дар ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сартабибони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, роҳбарият ва кормандони Ҷамоати деҳоти Ашт, вакилони ҷамоат, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Дар анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сокинон дархосту таклифҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия 3 нафар собиқадорон, маъюбон ва шахсони яккаву танҳои Ҷамоати деҳоти Ашт бо маводи хӯрокаи ниёзи аввал аёдат карда шуданд.
Пас аз анҷоми вохӯриву мулоқот роҳбарияти ноҳия аз рафти анҷоми сохтмони МТМУ №25 дидан намуда, барои сифатнок анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳаҳои иқтисодиву ичтимоии ноҳия дар назар дошта шудааст.