АШТ: ИДОМАИ МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁӢ БАҲРИДДИН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁН ШОДОБА, ОШОБА, ИФТИХОР ВА ОРИЁН

 105 боздид
24.10.2024
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 21.10.2024 сол оид ба баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вобаста ба «30-солагии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ аз ваъзи иқтисодию иҷтимоии интихобкунандагон ва дигар мушкилотҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон баён доштанд, мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо интихобкунандагон дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Понғоз доир гардид.
Дар суханронии хеш оид ба тарбияи фарзандон дар роҳи меҳанпарастӣ, дастгирии ятимону бепарасторон,аз бар кардани илму дониш, ободиву созандагии Ватани маҳбуб, таъмини волоияти қонун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар кард.
«Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 1999 дар кишвар ба таъсиси Маљлиси Олии дупалатагӣ– Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон замина гузошта шуд, ки аз ибтидои соли 2000-ум то имрўз фаъолияти самараноку муназзам дорад.
Ҳамин тавр, қотеона метавон гуфт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули парламентаризми навину миллии тоҷик, заминаҳои устувори ҳуқуқии кишвар ва бунёди давлати муосири тоҷикон бузург аст.
Зеро Тоҷикистон зина ба зина дар фаросўи татбиқи сиёсати дурбинонаи ин абармарди беназиру нотакрор муҳимтарин меъёрҳои ҷаҳонии низоми қонунгузориро татбиқ намуда, ба таъсиси парламенти касбӣ дар мамлакат роҳ кушод, ки он ба тамоми талаботи низоми сиёсати байналмилалӣ ҷавобгў мебошад.»
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.