АШТ: ИДОМАИ МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИЁӢ БАҲРИДДИН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

 181 боздид

25.10.2024
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 21.10.2024 сол оид ба баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вобаста ба «30-солагии Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ аз ваъзи иқтисодию иҷтимоии интихобкунандагон ва дигар мушкилотҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон баён доштанд, мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо интихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Зиёи Баҳриддин зимни баромади хеш вобаста ба дастовардҳои замони Истиқолол ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат ва таърихи қабул гардидани ин санаи тақдирсоз сухан гуфт.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати некбинонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар самти муносибатҳои хориҷӣ дарҳои худро ба рўи кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон роҳандозӣ намуд, ки ин сиёсат имрўз ҳам бомаром идома дорад.»
Дар фарҷом Раиси ноҳия оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, риояи қонун дар бораи танзими анана ва ҷашни маросимҳо, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, барасмиятдароии дуруст дар соҳаи замин ва чанде дигар баёни андеша намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.