АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА.

 796 боздид
https://mihdasht.tj/asht-idomai-safari-korii-yordamchii-prezidenti-jumhurii-tojikiston-oid-ba-masalahoi-iqtisody-nematullo-hikmatullozoda-3
Дар қисмати бегоҳи рӯзи 03-уми октябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар доираи сафари корӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони масъул ба Ҷамоати шаҳраки Шайдон, деҳаи Кулихуҷа ва Мулломир сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳия аз рафти мумфаршкунии назди 6 километр роҳи деҳаи Кулихуҷа-Мулломир, ки бо таври ҳашар ҷараён дорад, боздид намуданд.
Дар мулоқот бо сокинони маҳал Неъматуло Ҳикматуллозода барои иқдомҳои ободониву созандагӣ аз номи Пешвои муаззами миллат миннатдорӣ баён намуда, чунин иқдомро аз ҳисси баланди ватандустиву меҳанпарастӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, Раиси ноҳия барои соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки дар ин кори хайр ҳиссагузорӣ намуданд, сипосгузори намуд:
“Имруз, аз ҷониби Пешвои миллат тамоми шароити мусоид барои зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Мо мардуми сарбаланди ноҳия аз тинҷиву оромӣ шукрона намуда, бо чунин амалҳои нек дӯстдории ин сарзаминро тасдиқ созем. ”
Меҳмонон аз рафти ҳолати мумфаршкунӣ роҳ дидан намуда, ба сифати кор баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми сафар аз ҷониби пирони кор барои поянда будани сулҳу оромӣ ва ободи дар Тоҷикистони азиз дасти дуо бардошта шуд.
Сафари кории Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз идома ёфта аз роҳи тозабунёд роҳҳо байнидеҳа дидан карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Понғоз дар соли ҷорӣ беш аз 10 километр роҳҳои дохилӣ пурра мумфарш карда шуд ва ин раванд идома дорад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Раиси ноҳия чунин иҷдом дар тамоми ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия анъана гардидааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.