АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА.

 266 боздид
08.09.2023
Бо мақсади иштирок дар тантанаҳои 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ноҳия бо сафари корӣ ташриф овард ва он ҷараён дорад.
Нахуст, аз ҷониби Ҳикматуллозода Неъматулло ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода нонвойхона мавриди баҳрабардори қарор гирифт.
Нонвойхонаи мазкур дар маркази ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Шайдон ба фаъолият оғоз намуда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Атаев Абдуманнон бунёд гардидааст.
Барои соҳибкор барои ташаббуси созанда изҳори қаноатманди карда шуд. Дар рӯзи ифтитоҳ ройгон ба собиқадорон тақдим карда шуд.
Сипас, боздиди корӣ аз мумфаршкунии роҳҳои байни деҳавии Ҷамоати деҳоти Понғоз сурат гирифт.
Аз ҷумла, дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия сокинони бо нангу номуси Ҷамоати деҳоти Понғоз дар нақша доранд 7 клометр роҳро тариқи ҳашар мумфарш хоҳанд кард.
Нахуст, Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоат сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.
То имрӯз дар маҳаллаи “Бурак” 740 метр, маҳаллаи “Хиштхона” 760 метр, мавзеи болои Понғоз 2 километр пурра мумфарш гардид.
Маврид ба зикр аст, ки то имруз беш аз 5 клометро роҳҳои дохилӣ мумфарш гардида, 2 клометри дигар ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Барои хушсифат ва саривақт иҷро намудани корҳои роҳсозӣ наздик 20 адад техникаҳои хурду бузург сафарбар гардидааст.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки наздик 10 тангкӯчаҳо мумфарш гардида, 5 куҷаи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯ 7 клометрро ташкил медиҳад.
Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ифтитоҳи муассисаи таълимии №69, ки воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Хӯҷанбердиев мебошад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромад ишора гардид, ки соҳаи маориф бевосита дар зери таваҷҷҷӯҳи Пешвои муззами миллат аст.
Намоядаи ҳукумати мамлакат ва Раиси ноҳия аз синфхонаҳои тоззабунёди муассиса боздид ба амал оварданд.
Иншоот аз 8 синфхона ва роҳрав иборат буда, тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуда, тариқи ҳашар бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории шахсони саховатпеша ва сокинон бунёд гардидааст.
Дар ҷараёни боздид ба корҳои сохтмон баҳои баланд дода шуд.
Дар идома зимни суханронӣ ба саҳмгузорон изҳори сипос ва бо Сипосномаи мақомоти иҷроия ҳокимияти ҳокимияти давлатӣ қадрдони карда шуд.
Баъдан, дар фазои идона кушодашавии марказӣ хизматрасонӣ ва майдончаи бозии бачагона дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба идома ёфт.
Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд, ки майдончаи бозии бачагона метавонад намуди бозиҳои гуногунро ба кудакон пешниҳод намояд. Ҳамзамон яхмоси истеҳсоли маҳаллӣ ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Дар рӯзи кушодашави яхмос ройгон ба сокинон тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.