АШТ: ИҶЛОСИЯИ БИСТУ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 120 боздид

26.12.2024

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.

Баъдан Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2024  дар назди вакилон ҳисобот дод:

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти идоракунии устувори молия, дарёфт, таъмини иҷрои пурраву барзиёди даромадҳои буҷетӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда, чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ  дар ёздаҳ моҳи соли 2024  мувофиқи ноҳия ба маблағи 73200,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 75943,2 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 103,7 фоизи нақша буда, нисбати он 2743,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати  ҳамин давраи  соли 2023 ба буҷет 8400,1 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 12,4% зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар ин давра аз 7 манбаҳои даромади буҷет, нақшаи муқарраргардидаи 5 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 100,2% иҷро карда шуда, ба ҷойи 150235,8 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 150481,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 78083,0 ҳазор сомонӣ мусоидати молияви (субвенсия) ва 16681,8 ҳазор сомонӣ маблағи ҳисоббаробаркунӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари 97,7 ва 100,0 фоизи маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи даромадҳои худи буҷети маҳаллӣ дар ин давра 53597,0 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 55717,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 104,0 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар   ёздаҳ моҳи соли  2024  ба маблағи 150890,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 148398,1  ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари  98,3 фоизи нақша мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2023  аз буҷети маҳаллии ноҳия 32337,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 27,9% зиёд маблағгузорӣ карда шудааст.

Бақияи қарзи пардохти андозҳо ба санаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия 1898,3 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи 1 январи соли 2024 57,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 3,0%  кам  мебошад

Маблағҳои буҷети маҳаллии ноҳия мақсаднок истифода гардида, дар навбати аввал барои пардохти музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳифзшавандаи буҷети равона карда шудаанд. Аз ҷумла, барои пардохти музди меҳнат  108503,2 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки баробари 73,1 фоизи маблағи умумӣ мебошад. Ба санаи ҳисобӣ аз пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷети карздори мавҷуд намебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  “ Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани   солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи  саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва  таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2024   дар соҳаи саноат ба маблағи 288,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 4,8 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 101,3% таъмин гардид.

Дар ин давра аз  27  корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 24 ададашон фаъолият намуданд ва 16 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар давраи ҳисобӣ аз 19 намуди асосии маҳсулоти саноатӣ, аз рӯи 10 намуд истеҳсол нисбат ба  соли гузашта зиёд  шудааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2024 дар соҳаи саноат 7542,4 тонна намак истихроҷ, 3682,7 тонна нахи пахта, 5311,6 тонна чигит, 91,9 тонна равғани растанӣ, 692,4 тонна кунҷора, 152,6 тонна пахтаи курпабоб,  790,9 тонна нону маҳсулоти нонӣ,   4449,6 ҳазор дона хишти сементӣ, 1532,8 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ, 2315 метри мураббаъ тахтасанг, 61,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 2416,2 тонна гӯшт ва каллапоча,  955,0 ҳазор ҷуфт маҳсулоти ҷуробу пайпоқ, 300,0 тонна ресмони пахтагин истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 нону маҳсулоти нонӣ – 3,2 тонна, гушт ва каллапоча – 1,3 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 18,7 тонна,  ресмони пахтагин – 300,0 тонна, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ – 225,0 ҳазор дона, коркарди меваи хушк – 103,8 тонна, либоси мактабӣ – 204 дона, мебел – 105,2 ҳазор сомонӣ, хишти роҳрав – 1647 метри мураббаъ  зиёд шуда,   истихроҷи намак – 6374,8 тонна, истеҳсоли нахи пахта – 3018,1 тонна, чигит – 4408,8 тонна, кунҷора – 2100,3 тонна, равғани растанӣ – 334,0 тонна, пахтаи курпабоб – 20,3 тонна, дару тирезаи пластикӣ – 58,2 метри мураббаъ, хишти сементӣ – 101,7 ҳазор дона, тахтасанги мармарӣ – 479 метри мураббаъ,  кам гардидааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ  панҷ   корхонаву коргоҳҳои саноатӣ  таъсис дода шудааст, ки он  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сабина” бо иқтидори солонаи истеҳсоли  1600 метри мураббаъ хишти роҳрав  бо таъсиси 3 ҷойи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён; Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирҷаҳон” бо иқтидори солонаи истеҳсоли  20 ҳазор дона хишти сементӣ  бо таъсиси 2 ҷойи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук; Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваи Ашт” бо иқтидори солонаи бандубасти 200,0 тонна меваи хушк  бо таъсиси 4 ҷойи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба мебошад. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ  сохтмону бунёди корхонаи ресмонресӣ бо иқтидори коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз  бо таъсиси 450 ҷойи корӣ  ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар назди ин корхона коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва  қарори  дахлдори Раиси вилояти  Суғд  аз 22 апрели соли 2024,  № 86  як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи талаботҳои қарорҳои болозикр,  қарори Раиси ноҳия аз 2 майи  соли 2024, № 163  ба тасвиб  расида, Ситоди ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини Раиси ноҳия дар ҳайати 23 нафар таъсис дода шудааст. Инчунин  бо  ин  қарор  нақшаи  чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани    соҳаҳои    иқтисодиёт  ва  иҷтимоиёти   ноҳия   барои   фаъолияти мунтазам  ва  самарабахш   дар   давраи  тирамоҳу   зимистони   солҳои  2024 — 2025, эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи маориф, нигоҳдории тандурустӣ ва фарҳанг ба ангишт ва ҳезум, эҳтиёҷоти чорвои ҷамъиятӣ ба хӯрока ва нақшаи омодагии муассисаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси нақшаи чорабинии тасдиқшуда, барои таъмини фаъолияти бомароми ин соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024–2025 бо захира намудани 1198,3 тонна ангишт ва 1091,5 метри мукааб ҳезум  пешбинӣ шудааст. Ба санаи ҳисобӣ дар муассисаҳои болозикр 1204,3 тонна ангишт, ё баробари 100,5% ва 1091,5 метри мукааб ҳезум, ё баробари 100,0% захира карда шудааст.

Аз ҷумла, дар соҳаи маориф  захира намудани 880,3 тонна ангишт ва 846,5 метри мукааб ҳезум,  дар соҳаи тандурустӣ – захира намудани  308,0 тонна ангишт ва 219,0 метри мукааб ҳезум, дар соҳаи фарҳанг – захира намудани 10,0 тонна ангишт ва 26,0 метри мукааб ҳезум пешбинӣ карда шудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи маориф дар давраи ҳисобӣ ба миқдори 880,3 тонна ангишт (100,0%) ва 846,5  метри мукааб ҳезум (100,0%) захира карда шудааст. Барои давраи тирамоҳу зимистон дар ин муассисаҳо 8 адад буғхонаҳо ба кор омода гардида, 141 адад гармкунакҳои барқӣ, 1629 адад печҳои аловӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 450 литр сӯзишвории дизелӣ захира ва 420 метри мураббаъ тирезаҳо шишабандӣ карда шудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба миқдори 314,0 тонна ангишт (101,9%) ва 219,0 метри мукааб ҳезум (100,0%) захира карда шудааст. Барои давраи тирамоҳу зимистон дар ин муассисаҳо 2 адад буғхонаҳо ба кор омода гардида, 74 адад гармкунакҳои барқӣ, 254 адад печҳои аловӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 3240 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг ба миқдори 10,0 тонна ангишт (100,0%) ва 26,0  метри мукааб ҳезум (100,0%) захира карда шудааст. Барои давраи тирамоҳу зимистон дар ин муассисаҳо  17 адад гармкунакҳои барқӣ  ва  38 адад печкаҳои аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти Раёсати молия барои хариди ангишти муассисаҳои буҷетии ноҳия 1488,8 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст, аз он ҷумла, барои муассисаҳои соҳаи маориф – 1147,3 ҳазор сомонӣ, барои муассисаҳои  соҳаи тандурустӣ – 329,5 ҳазор сомонӣ ва барои муассисаҳои соҳаи фарҳанг – 12,0 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ба санаи ҳисобӣ аз тарафи Раёсати молия барои харидорӣ намудани ангишт 1331,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки  баробари 89,4 фоизи маблағҳои пешбинишуда мебошад. Аз ҷумла, ба муассисаҳои соҳаи маориф 978,0 ҳазор сомонӣ,  ба соҳаи тандурустӣ  341,5 ҳазор сомонӣ ва  ба соҳаи фарҳанг 12,0 ҳазор сомонӣ  маблағгузорӣ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ ва сӯзишвории дизелӣ, дар ҳудуди ҳамаи нӯҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 49 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт, аз ҷумла 9 адад нуқтаҳои статсионариву 40 адад нуқтаҳои сайёр ва 26 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисобӣ нуқтаҳои мазкур мунтазам фаъолият намуданд ва ба беҳтар гардидани дастрасии сокинони ноҳия ба  сӯзишворӣ мусоидат намуда истодаанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади омодасозии иншоотҳои соҳавӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024  тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.

Барои таъмини чорво бо хӯрока  барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 захира намудани 21400 тонна хошоки дурушт ба нақша гирифта шудааст.  Тибқи маълумотҳои оморӣ,  ба санаи 1 декабри соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба  миқдори  25802,8 тонна  хӯроки  дурушт  захира  карда   шудааст,  ки баробари 120,6 фоизи нақша мебошад.

Барои таъмини бехатарии нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз тарафи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба санаи ҳисобӣ бо назардошти бақияи мавсими гузашта ба миқдори 663,0 метри мукааб маводҳои зиддилағҷиш, 2,0 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 4,0 тонна ангишт ва 10,0 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст ва нақшаи пешбинишуда ба пуррагӣ иҷро карда шудааст. Инчунин 2 адад техникаҳои махсус аз таъмир бароварда шуда, ҳамаги 6 адад техникаю механизми мавҷуда омода карда шудаанд.  То ба имрӯз ба минтақаҳои хавфноки роҳҳои ҳудуди ноҳия ба миқдори 50,0 метри мукааб маводҳои зиддилағҷиш дастрас ва захира карда шудааст.

Вакилон дар бораи фаъолияти вакилиашон аз оӯи тартиб баромад намуда, ба саъми ҳозирин маълумот доданд.

Қарорҳои ба тасвиб расидаи Раиси ноҳия аз ҷониби вакилони ноҳия тасдиқ карда шуд.

Дар иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Зариф Мирдадо баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самти фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ, маориф ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатӣ баён кард.

Дар анҷом Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.