АШТ:   ИҶЛОСИЯИ ЧОРДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ ДАЪВАТИ ШАШУМ  БАРГУЗОР ГАРДИД.     

 1 704 боздид

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки намояндаи МИҲД-и  вилояти Суғд ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иҷлосияи чордаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум  баргузор гардид.

Дар он масъала:

  1. ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2022.
  2. Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2023 ва иҷрои он дар соли 2021.
  3. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Барномаи  рушди ичтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021-2025”
  4. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, истифодаи инвесторҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ.
  5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Бурак №10 Туракелдиева Гулҷамол Саҳобиддиновна
  6. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Ашт барои соли 2023.
  7. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияҳои доимӣ оид ба сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоӣ ва оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодиёт ва буҷет, истифодаи инвестерҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ.
  8. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ

9.Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта

Дар иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, расонаҳои хабарӣ иштирок намуданд.

Нахуст, барои ташриф Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода       намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷонро ба ноҳияи Ашт аз номи сокинони ноҳия хайрамақдам гуфт.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома Шӯҳрат Муҳаммадзода «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 11 моҳи соли 2022 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда»  баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал дод.

Масъулон вобаста ба масъалаҳои зикргардида, бароманд намуданд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ хонандаи синфи 5-уми МТМУ № 36, Ҷамоати деҳоти Понғоз Гулрӯза Ҷамолиддинова, ки дар даври Озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи аввал гаштааст, аз тарафи Раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ бо маблағи 5 000 сомонӣ ва омӯзгори ҳамин муассиса  Бахтовар Ғоибов бо мукофотпулӣ бо маблағи 1 000 сомонӣ, инчунин МДВ “Театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” барои сазовор гардидан бо ҷойи аввал дар озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Ҳафт ситора” бо Диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Кори иҷлосияро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда,  барои иҷрои вазифаҳои минбаъдаҳ дастуру супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.