АШТ: Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

 246 боздид

30 декабри соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони мардумӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим иштирок доштанд.
Бо садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайати котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Рӯзномаи зерини иҷлосия тасдиқ карда шуд:
1. Ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2021.
2. Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2022 ва иҷрои он дар соли 2020.
3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, (Раиси комиссия Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовна) вакил аз ҳавзаи интихоботии Маданият №3.
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии Бободархон №8, Пулотов Назмиддин Мамадҷонович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш.
5. Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт.
6. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи якум иҷлосия ҳисоботи Раиси ноҳия Мирдадо Зариф дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2021 шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2022 ва иҷрои он дар соли 2020 сардори Раёсати молияи ноҳия Ҳомидзода Зарифалӣ Абдурауф баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ. Раиси комиссия вакил аз ҳавзаи интихоботии Маданият №3, Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовна шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома як қатор қарорҳои Раиси ноҳия аз 30 сентябри соли 2021 то 30 декабри соли 2021, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷҷавӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома оид ба ворид намудани тағиру илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуд.
Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим баромад намуда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли дар пеш истода баён кард.
Дар охир Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №1 Мирдадо Зариф бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Иҷлосия дар руҳияи якдигарфаҳмӣ, дарки ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар пешистода ва бо иштироки фаъолонаи аҳли толор доир гардид.
Бо ҳамин иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кори худро анҷом дод.
Баъд аз фарҷоми иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолибони мусобиқаҳо оид ба футбол “Ҷоми Раиси ноҳия ва Федератсияи футболи Ашт”, “Лигаи якум” , “Лигаи дуюм” ва якчанд нафар шахсоне, ки саҳми арзандаи худро дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузоштанд бо сипоснома, диплом, медал, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Нимаи дуюми рӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба интернати давлатии наздимактабии №2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва интернати №1-и ба номи Ҳамзалӣ Анорқулови назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Умари Хайём Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вилоят бахшида ба Соли нави омодаистода табрик намуданд. Дар охир ҷиҳати болидахотирии толибилмон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ташкил карда шуда ба толибилмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.



Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.