АШТ: ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ШАШУМ ГУЗАРОНИДА ШУД

 528 боздид
Имрӯз, 13 июни соли 2022, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум доир гардид. Дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ иштирок карданд.
Кори Иҷлосия бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Шӯҳрат Муҳаммадзода оғоз шуд.
Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз 40 нафар вакилон 36 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд. Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сартабибон беморхонаҳои минтақавӣ, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд.
Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум вакилон:
1.Муфтоев Фаррух Абдулҳақович вакил аз ҳавзаи интихоботии (Қаҳрамон №18.)
2.Абдубанопова Гулноза Валиҷоновна — вакил аз ҳавзаи интихоботии (Майдон №21).
3.Раҳматҷонзода Шавкат Раҳматҷон- вакил аз ҳавзаи интихоботии (Дӯстӣ №33) ба ҳайати котиботи Иҷлосия интихоб шуданд.
Баъдан рӯзномаи зерини Иҷлосия тасдиқ карда шуд:
1. дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”.
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон.
3.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Махсудов Ёрматҷон Норматович вакил аз ҳавзаи интихоботии Мулломир №6 оид ба иҷрои ваколати вакилиаш.
4. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз 30 декабри соли 2021, №265 “Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2022 ва иҷрои он дар соли 2020”.
5. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.
6. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, таҳти №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар ноҳия муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуд. Раиси ноҳия вобаста ба камбудиҳо дар ин самт таҳлили амиқ намуда, эроди ҷиддӣ гирифт ва дастур дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ бартараф гардад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон” вакил аз ҳавзаи интихоботии Қодир Расулзода №2, Аниса Ҷалилӣ шунида шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари ноҳия барои пеш бурдани кор дар ин ҷода пешниҳоди мушаххас дода , таъкид ба амал овард, ки барои хизматрасониҳои сатҳи баланд ба мардум чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Мулломир №6 Махсудов Ёрматҷон Норматович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз 30 декабри соли 2021, №265 “дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2022 ва иҷрои он дар соли 2020” таъғироту иловаҳо ворид карда шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” муовини Раиси ноҳия Раиси комиссияи номгузорӣ Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома як қатор қарорҳои раиси ноҳия аз 17 марти соли 2022 то 13 июни соли 2022, оид ба маблағгузорӣ барои гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷавӣ баррасӣ гардида, тасдиқ карда шуд.
Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самти кишоварзӣ, истеҳсол ва коркарди пилла ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён кард.
Дар охир раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.