Имрӯз, санаи 28 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи ҳафтуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосия муовинони раиси ноҳия, вакилони ноҳиявӣ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
Иҷлосияи вакилон таҳти раёсати Раиси ноҳия, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зариф Мирдадо ҷараён гирифта, дар он масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз 30 декабри соли 2020, №72 “Дар бораи қабули буҷети ноҳияи Ашт барои соли 2021 ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Мӯминов, №1, Мирдадо Зариф бо сухани хотимавӣ баромад карда, бобати иҷрои вазифаҳои дар пеш истода, дар назди масъулон вазифагузорӣ намуд.
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳафтуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кори худро анҷом дод.