АШТ: ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ НОҲИЯ АШТ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 870 боздид
25.12.2023
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояи Суғд Ҳакимзода Ҳаким иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқии ноҳия даъвати шашум баргузор гардид.
  Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои минтақавӣ, имонхатибон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар кори иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти хоҷигии халқи ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2023.
2. Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2024 ва иҷрои он дар соли 2022.
3. Ҳисоботи раиси  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, истифодаи инвесторҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ.
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи         интихоботии Ғудос №25 Қобилов Назирбой Шодалиевич оид ба   иҷрои ваколати вакилиаш.
5. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Ашт.
6.Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.
7.Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Нахсут, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2023 маъумоти муфассал пешниҳод намуд:
Аз ҷумла,  оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2023.
     СОҲАИ АНДОЗ ВА МОЛИЯ.
— иҷрои нақшаи  буҷети давлатӣ:
   нақша          —   62 млн.  836  ҳ.сомонӣ.
   иҷро            —   67 млн.  543 ҳ.сомонӣ.
   фоиз            —   107,5  %.
   з и ё д            —    4 млн. 707 ҳ.сомонӣ.
СОҲАИ САНОАТ
— афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ:
   — соли 2023            — 364 млн. 618 ҳ.сомонӣ
   — соли 2022            — 194 млн. 379 ҳ.сомонӣ
   — фоиз                   — 187,5
   — з и ё д                 — 170 млн 239 ҳ.сомонӣ.
.
СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
— афзоиши ҳаҷми  маҳсулоти умумии кишоварзӣ:
   — соли 2023            — 1 млрд. 424 млн.сомонӣ
   — соли 2022            —           933 млн. 917 ҳ.сомонӣ
   — фоиз                   — 152,5
   — з и ё д                 — 490 млн 126 ҳ.сомонӣ.
— дурнамои солонаи истеҳсоли пахта иҷро гардид 107,5% иҷро гардид.
.СОҲАИ СОХТМОН
— афзоиши ҳаҷми  корҳои пудратӣ:
   — фоиз                   — 127,8%
   — з и ё д                 —  2 млн 406 ҳ.сомонӣ нисбат ба соли гузашта.
СОҲАИ НАҚЛИЁТ
— афзоиши ҳаҷми хизматрасонии соҳавӣ:
 — ҳаҷми боркашонӣ:
      — фоиз                   — 141,0%
   — з и ё д                 —  600,4 тонна нисбат ба соли гузашта.
— ҳаҷми мусофиркашонӣ:
      — фоиз                   — 108,2%
   — з и ё д                 —  539,1 ҳазор мусофир нисбат ба соли гузашта.
          Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2024 ва иҷрои он дар соли 2022 муовини сардори Раёсати молия дар ноҳияи Ашт Неъматов Ҳабибҷон Абдуллоевич баромад кард.
Дар идома вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома оид ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодиёт ва буҷет, истифодаи инвесторҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №40 Муҳиддинзода Бурҳониддин ба самъи ҳозирин маълумоти муфассал дод.
    Тибқи тариб масъалаҳои боқимонда мавриди барраси қарор гирифта дар фарҷом намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояи Суғд Ҳакимзода Ҳаким баромад намуда, барои пешравии кор баёни андеша карда, зикр намуд, ки ноҳияи Ашт дар сатҳи вилоят яке аз ноҳияҳои пешқадам ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.