Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.
Қарорҳои ба тасвиб расидаи Раиси ноҳия аз ҷониби вакилони ноҳия тасдиқ карда шуд.
Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Туйчизода баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самти фаъолият дар соҳаи маориф ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатӣ баён кард.