АШТ: Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати шашум баргузор гардид.

 326 боздид
Санаи 17 — уми марти соли 2022, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз 40 нафар вакилон 36 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд. Инчунин дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода иштирок намуд.
Кори иҷлосияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳусни оғоз бахшид.
Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соли 2022 баён кард.
Дар охир Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Пискокат №38 Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ баромад намуда, оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муҷовимат ба экстрамизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” қайд намуд, ки гарчанде, ки дар асоси 28 банди нақша чорабинии таҳиягардида корҳо амалӣ шуда бошад ҳам никифоя аст. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст оид ба вусъату тақвият бахшидани чораҳои андешидашуда корҳоро ҷоннок намояд. Байни хонандагон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дӯст доштани Ватан, марзу бум, ҳимояи он ҷоннок намуда, маҳфилу суҳбату мизҳои мудаввар баргузор карда шавад. Оид ба баргардонидани донишҷӯёне, ки дар давлатҳои хориҷа то ҳол зиндагӣ менамоянд бо аҳли пайвандони онҳо корбарӣ намоянд.
Инчунин барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Нимаи дуюми рӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд ба интернати давлатии наздимактабии ҳудуди ноҳия ташриф оварда, бошандагонро аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фарорасии иди байналмиллалии Наврӯз табрик намуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии бошандагон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.