Интихобот – маъракаи сиёсии низоми давлатдории демократӣ маҳсуб буда, пеш аз ҳама, василаи ифодаи иродаи мардум мебошад.
Дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон бо ташкилу баргузории интихобот дар робитаи мустақим қарор доранд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар аст. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ нишонаи болоравии маърифати сиёсӣ мебошад ва ҳар як раъйи додаи мардум дар пешрафти давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдат нақши муҳим дорад.
Имрӯз, субҳи барвақт 2 марти соли 2025 Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №3 “Маданият”, ки дар бинои Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, воқеъ дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон мебошад, ташриф оварданд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва бо дарки эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар қатори дигар шаҳрвандони ноҳия раъйи худро ба тарафдории номзадҳои арзанда доданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ