Дар асоси супориши Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф санаи 22 июни соли равон, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ҷалилӣ Аниса, Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар ва мудири шӯъбаи хизматрасонӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Самиев Камол ба муносибати 95 солагии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Юнусов Урушбой ба деҳаи Ҳашарбеди Ҷамоати деҳоти Ифтихор ташриф оварда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро расонида, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар навбати худ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва ободию осоиштагии мамлакат карда, минатдории самимии худро ба роҳбарияти Олии давлату ҳукумати мамлакат нисбати таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон расониданд.