АШТ: Иштироки роҳбарияти ноҳия дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия

 269 боздид

Субҳи имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 бо иштироки Раиси ноҳия Мирдадо Зариф муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, аъзоёни Раёсат, кумиҷроия, вакилони вилоятӣ, ноҳиявӣ, раисони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорон, фаъолон ва занону ҷавонон доир гардид.
Маҷлис аз рӯи чор масъала;
1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022.
2. Вазифаҳои навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021.
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои соли 2022.
4. Масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои маҷлисҳои КИМ ва КИВ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбию давлатӣ, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 маърӯза кард.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия Имомов А. ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии “Санги Кабуд” №36 Мирзонорова З. ба муҳокимаи маҷлис баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт даро соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Инчунин Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷ.А. ба суханронӣ намуда, баҳри пешравии корҳои ҳизбӣ дастурҳо ва таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.
Оид ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мамадҷонов Зафар оиди ба роҳ мондани шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21-уми декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рушди соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ичтимоиву иқтисодӣ, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар андешаҳои худро зикр намуд.
Баррасии масъалаи сеюми рӯзнома низ муҳокима гардид. Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои соли 2022 тасдиқ карда шуда, аз рӯи масъалаҳои зерин лоиҳаи қарор ба овоз монда, қарор қабул карда шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои шахсоне, ки саҳми арзандаи хешро дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, маъракаи обуна ва чорабиниҳои ҳизбӣ гузоштанд бо медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карда шуданд ва ба якчанд нафар аъзоёни нави ба сафи ҳизб қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин барои саҳми арзанда дар рушди босуботи кишвар, тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ, ширкати фаъолона дар тарбияи насли ояндасози миллат ва нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия Мирдадо Зариф бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.