АШТ: ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ ГУЗАРОНДА ШУД.

 736 боздид
02.11.22                                                                     вақт 17:00
             Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раëсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2022, № 364 гузаронда шуд.
           Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, расонаҳои хабарии ноҳия, имом-хатибон ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.
           Дар оғоз, гузориши муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватии ноҳия Маҳмудзода  Ҷамшед оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шунида шуд ва баъдан масъалаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.
Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳангоми суханронӣ гуфт:
          «Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату миллат аст ва ҳар лаҳза оромиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Имрӯз, вақти нангу номус фаро расиааст ва ҳар фарди Ватандӯстро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиëсӣ фаъолона ширкат намоянд. Зеро, Пешвои муаззами миллат ба мо сулҳ, оромӣ, ободӣ оварданд ва мо вазифадор ҳастем, ки ин неъматҳои бебаҳоро нигоҳ дорем».
           Сипас, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Тағойзода Давлатшоҳ Тағой барои фаъол будан дар маъракаи муҳими сиëсӣ даъват ба амал овард.
Дар фарҷом, Раиси ноҳия барои ҷоннок намудани корҳо вобаста ба тарбияи ҷавонони ватандӯст ва насли меҳанпарасту созанда дастури мушаххас дод.
   Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.