Субҳи имрӯз 14 — уми феврали соли 2022, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи кории Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо иштироки Зоҳидзода Даврон — муовини Раиси вилоят оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз санаи 27.12.21, №604 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022” бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои марбута, раис, мутахассиси пешбар оид ба мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода – раиси комиссияи даъват ва комиссари ҳарбии ноҳия Хайрулло Шарифзода – муовини комиссияи даъвати ноҳия оид ба рафти қарори раиси вилояти Суғд аз санаи 27.12.21, №604 ҳисобот доданд.
Зоҳидзода Даврон — муовини Раиси вилоят, баҳри амалӣ намудани қарори мазкур пурсиш ба амал оварда, аз раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо,фаъолони ноҳия ва масъулин хоҳиш намуд, ки баҳри бо масъулияти баланд иҷро намудани даъвати баҳорӣ корбариро ҷоннок намуда, оид ба иҷрои нақшаи даъват чораҳои қонуниро роҳандозӣ намоянд.
