АШТ: ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 560 боздид

    Таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва муовини прокурори вилояти Суғд Пулодӣ Умед Темур дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон ситоди корӣ доир шуд.

    Дар ҷаласаи муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, расонаҳои хабарии ноҳия, имом-хатибон ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд. 

        Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода ва комиссари ҳарбии ноҳия вобаста ба рафти “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2023” гузориш доданд.

    Сипас, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия Салимзода Сӯҳроб “вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” баромад намуд. 

    Дар идома, аз рафти иҷрои Амри Президенти мамлакат ва қарори Раиси вилояти Суғд, ноҳия “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2023” муовини прокурори вилоят ва Раиси ноҳия баёни назар намуда вобаста ба ҷоннок намудани тарғиби ватандустиву меҳанпарастӣ дастури қатъи дод.

                  Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.