АШТ: Ҷаласаи васеи назди Раиси ноҳия

 280 боздид

Бегоҳии имрӯз, санаи 17 июни соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи васеи назди Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар маҷлиси фаъолони вилоят санаи 12 июни соли 2021 иброз доштанд, бо иштироки муовинон, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, муовини комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, сардори бахши раводид ва шиносномадиҳии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раисон ва мутахассисон оид ба кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозироти андоз, роҳбарияти Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, сардор ва кормандони кумитаи идораи замин, роҳбар ва кормандони КДФ БММҒ дар ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, мудир ва кормандони шуъбаи маориф, бахшҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба кишти зироатҳои баҳорӣ ва назорати рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас оид ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тибқи нақша ва бо сифати баланд омода намудани боқимонда иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳшаванда, назорати қатъии рафти кишти баҳорӣ махсусан картошка ва нашъунамои пахта, мубориза бо ҳашароти зараррасон, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, додани обу ғизоҳои минералӣ ва култиватсия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, назорати ҷиддии кори мунтазами силсилаҳои пойгоҳҳои обкашӣ, тақсимоти одилонаи оби полезӣ ба хоҷагиҳои пахтакор, таъмини иҷрои босифати нақшаи андози моҳи июн дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин омодагии ҷиддӣ ба даври дуюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва таҷлили 24 солагии бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ дода шуданд.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастур доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.