АШТ: Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022

 272 боздид

Субҳи имрӯз, 6 — уми январи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони кумитаву раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ иштирок доштанд.
Дар маҷлиси фаъолон нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба мавзӯъ нахуст муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед маърӯза кард.
Сипас, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз масъулини соҳаҳо, корхонаву ташкилот ва раисони жамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, барои таъмини баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ дастуру супориш дод.
Дар рафти ҷаласа ҳамзамон мутасаддиёни дахлдор барои ҷалби соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои хусусии тиббию таълимӣ ва ташкили хизматрасониҳои дастрас ба мардум дар доираи риояи танзими анъана ва ҷашну маъракаҳо аз Раиси ноҳия дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ин давра бунёди даҳҳо корхонаҳои хурду бузург сохтмон ва азнавсозии мактабҳо, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангиву иҷтимоӣ амалӣ гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳо барои пешрафти кишвари азизамон ва некӯаҳолии мардуми ин сарсазамин мусоидат мекунад.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини Раиси вилояти Суғд — Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокчиёни маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии соли 2022 вазифагузорӣ намуданд.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар соли 2022 супоришҳои мушаххас гузошт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.