АШТ: Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар ноҳия 100 сола шуд. 

 609 боздид

29.12.2022

Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод фазои идона танинандоз буд. Зеро ба таъсис ёфтани ин Ҷамоат сад сол пур шуд. Ба ифтихори сазовор истиқбол гардидани 100 солагии Ҷамоат дар саҳни маркази деҳаи Ҳуҷистон бо Парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷотҳо, гулҳои гуногун оро дода шуда буд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, олимон, сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, собиқадорони меҳнат ташриф оварда, нахуст аз маҳсулотҳои ба намоишгузошта, ки маҳсули бонувони ҳунарманди ҳудуди Ҷамоат мебошанд, шинос шуданд.

 

Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинон мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Мавриди зикр аст, ки 19-уми ноябри соли равон ба ташкилёбии Ҷамоати деҳоти Меҳробод 100-сол пур шуд. Дар ҳудуди Ҷамоат 6 деҳа: Хуҷистон, Чоҳи Исфаҳон, Қалъача, Равот, Бахмал ва Долона ҷой гирифтаанд. Саҳми сокинони Ҷамоат дар таъмиру тармими роҳҳои дохили Ҷамоат хеле назаррас ва боиси аҳсан гуфтанҳост. Чунончӣ, дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба дастгирии мардуми деҳа беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, 7 километр роҳ бо асфалти гарм мумфарш карда шуд ва бо сарфи 210 ҳазор сомонӣ муассисаи таълимии деҳа обод гардид.

Бо назардошти хизматҳои шоён пешқадамони Ҷамоат бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуд.

 

Сокинон барои таваҷҷӯҳи воло ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва роҳбарияти вилояту ноҳия изҳори сипос намуданд.

Барномаи рангини бахши фарҳанг, баромади хонандагон, рақсҳои дилфиреб, сурудҳои фароғатбахш чорабиниро ҳусни хотима бахшид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.