АШТ: Ҷамъомади фаъолони ташкилоти собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия баргузор гардид.

 211 боздид

Субҳи имрӯз 21 –уми феврали соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади фаъолони ташкилоти собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷамъомад ҳисоботи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳои ташкилоти собиқадорон барои соли 2022, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, муҳокима гардид.
Қабл аз оғози маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорон вохӯрии Раиси ноҳия, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муҳаммадзода Шӯҳрат бо собиқадорон баргузор гардид.
Раиси ноҳия дар баромади худ оид ба дастовардҳои 30 – соли Истиқлолият, натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2021, фаъолияти кории Шӯрои собиқадорон қайд намуда, даъват ба амал овард, ки дар вақти қабул, сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат вазифаҳои пурмаҳсул гузошта шуд.
Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки собиқадорони меҳнат чӣ дар кору фаъолият ва чӣ дар зиндагӣ ҳамеша ватандӯсту ватанпарвар ва содиқ ба Сарвари кишвар буданд ва мемонанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки собиқадорон дар тарбияи ҷавонон, сокинон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон хабардор бошанд ва барои бартараф намудани он чораҳои амалӣ андешанд.
Дар охир ҷамъомад оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.