Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ – Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, субҳи имруз, санаи 29 июни соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба гузаронидани машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” ҷамъомади таълимӣ – методӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷамъомад Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндагони хадамотҳои мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, гурӯҳи корӣ бо сардории муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Собирзода Ширин, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсисдодашуда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ширкат варзиданд.
Мақсад аз гузаронидани машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ ин баланд бардоштани омодагии мақомотҳои идоракунӣ, ҳайати шахсии хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон истодаи замони осоишта, баланд бардоштани маҳорати ҳайати шахсии қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии низоми Низоми ягонаи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амалии ҳайати шахсии мақомотҳои идоракунӣ, ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия дар иҷрои корҳои наҷотдиҳию таъхирнопазир ва умуман ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд, чорво, растаниҳо, моликияти давлатӣ ва хоҷагии халқ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ санаи 30 июни соли ҷорӣ аз ҷониби хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия аз рӯи вазъияти шартӣ машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар амал нишон дода мешавад.