ОРИЁН: ДАР НОҲИЯ ПЕШҚАДАМ
Кӯшиши пайваста, дарки масъулият, заҳмати зиёд, ин ҳама омилест, ки барои пешқадам будан дар ғунучини ҳосили пахта ба деҳқонону меҳнаткашони Ҷамоати деҳоти Ориён мусоидат мекунад.
Аввалин шуда дар ноҳияи Ашт Ҷамоати деҳоти Ориён ба чиниши пахта оғоз намуд ва ин раванд ҳоло босуръат ҷараён дорад. Майдони кишти пахта 558 гектарро ташкил дода, соли ҷорӣ 1836 тонна дурнамо муайян гардидааст.
То имрӯз диловарони саҳро беш аз 600 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварb намуданд. Яке аз хоҷагии пешқадам дар ҳудуди ҷамоат “Зарнигор” ба ҳисоб меравад. Хоҷагии мазкур имсол ба майдони 63 гектар пахта кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст овардааст. Кунун, дар ҳудуди хоҷагӣ 200 нафар бо чидани пахта машғуланд. Дар ҷараёни суҳбат роҳбари хоҷагӣ Ҳалимхон Абдураҳмонов гуфт:
—Тибқи дастури МИҲД ноҳияи Ашт ба ҳар килои пахта ба чинакчиён 50 дирамӣ музди меҳнат пардохт карда истодаем. Баробари ин ба меҳнаткашон мисли пештара равған ва собун дода мешавад. Мо, масъулини хоҷагӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодаем, то ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахта беталаф ва босифат ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар ҷараёни боздид аз майдони пахта бо чинакчиёни фаъол низ суҳбат доштем.Ҷӯраева Гуландом 10 сол инҷониб бо пахтачини машғул буда, ҳамарӯза то 150 килограмм пахта мечинад. Ӯ дар суҳбат иброз дошт:
—Барои мо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар рӯз бо хӯроки гарм таъмин [астем ва барои рафту омадамон бошад, техника[ои зарурӣ сафарбар шудааст. Ҳар 4-5 рӯз ҳаққи меҳнат пардохт мешавад.
Баробари Гуландом бонувони зиёде ҳастанд, ки ҳамарӯза беш аз 100 килограммӣ “тиллои сафед” меғундоранд. Аз ҷумла, Ҷӯраева Садоқат, Умарқулова Гулмира, Эвадуллаева Гӯзал, Нишонова Дилрабо, Ҷиянова Сабо, Турматова Наргиса, Мардонова Ҳамида ва чанде дигарон дар иҷрои дурнамо саҳми назаррас гузоштанианд.
“НАЗАРБЕК”: ҲАДАФ ҲОСИЛИ ФАРОВОН
Хоҷагии деҳқонии “Назарек”-и Ҷамоати деҳоти Ориён соли гузашта аз ҳар гектар майдони пахта наздик 40 сентнерb ҳосил ба даст овардааст. Имсол аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ боло баранд. Ҳоло роҳбарии хоҷагиро Тонгёрқулов Туранҷон бар зимма дорад.
Тавре иттило дода шуд, соли xорb наздик 50 нафарро ба кори мавсимӣ, яъне чиниши пахта таъмин намуданд. Ин марди де[rон дар соҳаи пахтакорӣ 45 сол таҷрибаи корӣ дошта, ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳосили фаровон парвариш намуданаш ду маротиба бо мошинаи сабукрав мукофотонида шудааст.
{оло бошад, ин марди деҳқон саъй дорад, ҳар чӣ зудтар ҳосилро аз саҳро ҷамъоварb намуда, дар иҷрои дурнамои пахта саҳми назарраси худро гузорад.
Ҳаётҷони ОДИЛ