АШТ: Конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт баргузор гардид.

 70 боздид
Дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода,
аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салоҳидинов Парвиз ва аьзоёни Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон дар ноҳият Ашт иштирок карданд.
Конференсияи 29-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз 2-юми июли соли 2024 даъват карда шудааст.
Ба баррасии масъалаи рӯзномаи Конференсия, “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода баромад намуда, маълумотнамдаи муфассал дод.
Дар идома дигар баромадкунандагон ба сухан баромаданд.
Дар фарҷом ба фаъолони аъзоёни ҳизб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.