АШТ: Конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид

 559 боздид

27.10.2022

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамои бахти миллати тоҷик” бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.

Дар конфронс собиқ раисони ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорон, гирандагони стипендияҳо, намояндагони соҳаи маориф, тиб ва фарҳанг, мудирони шуъба ва бахшҳои дахлдор ширкат намуданд.

Дар даромадгоҳи толор асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шуда, аз он меҳмонон ва иштирокдорон боздид анҷом доданд.

Дар оғози конфронс Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба меҳнатҳои содиқона ва ҷасорати беандозаи Пешвои миллат  дар набардҳои сиёсӣ баёни назар намуд:

“Дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит намуд, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос, душвор ва фоҷиавӣ, дар саҳнаи сиёсату идораи кулли давлатӣ пайдо гардидани абармарди бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Туфайли ҷасоратҳои пайвастаи роҳбари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, рӯ ба рушд ниҳод.

   Ҳамзамон дар чунин давраи ниҳоят душвор ва ҳассос ягона сохторе, ки метавонист вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоиро ба амал оварад, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.”

  Дар идома,  Раиси комиҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Ашт Санавбар Нуриллоева дар мавзӯи “Нақши иҷлосия дар таҳкими сулҳу ваҳдат” маърӯза намуда, аз ҳодисаҳои таърихие, ки ба миллати тоҷик рӯзҳои мудҳиш овард, маълумот дод:

«Миллати тоҷик ҳодисаҳои зиëди таърихиро паси сар кардааст. Бо иродаи матини Пешвои миллат мардуми бостонии тоҷик сарҷам гардид. Бадхоҳони миллат хеле кӯшиш намуданд, ки дар қаламрави кишвар нооромиҳо ба миëн оранд. Туфайли сиёсати оқилонаи Ҷаноби Олӣ ҳамма мушкилотҳои ҳалли худро ëфт ва оромиву ободӣ дар кишвар ҳукмфармо шуд.»

      Сипас, Собиқадори меҳнат Мамадҷонов Зафар оид ба “Нақши Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ” баёни назар намуд.

      Дар ин замина Муллоҷонова Дилафрӯз вакили вилоятӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар баргузории иҷлосия” ва  сарвари маҳфили “Ворисони Маъдан” Зафар Ахмад доир ба  “Китобҳои тозанашр оид ба Пешвои муаззами миллат” ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.

Собиқадори меҳнат Сулаймонқул Азимӣ ва шоира Гулбаҳор Маликзода бо шеъри тозаэъҷоди худро ба самъи ҳозирин ироа намуданд

   Сипас, баъди анҷоми маърӯзаҳо Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба кори конфронс ҳусни анҷом бахшида, ба ҳар як иштирокчӣ саломатӣ сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагӣ таманно намуд. Дар фарҷом  собиқ Раисони ноҳия барои фаъолияти пурсамарашон дар назди халқу миллат бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.