АШТ: Кор бо гурӯҳҳои тарғиботӣ пурзӯр карда мешавад

 564 боздид

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ, бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад оид ба пурзӯр намудани гурӯҳҳои тарғиботии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардид.

Дар ҷамъомад мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисон, муовинон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолон, раисони маҳаллаҳо, ва гурӯҳи тарғиботчиёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маҳаллҳо иштирок намуданд.

Роҳбарияти ноҳия ба масъулин супориш дод, ки байни мардум махсусан оилаҳои осебпазир гузаронидани суҳбату вохӯриҳо пурзӯр карда шавад.

Инчунин қайд карда шуд, ки барои расидан ба қадри сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватани азизамон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.