АШТ: МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД»

 1 783 боздид

Бахшида ба 77- солагии Рӯзи Ғалаба маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” тибқи нақшаи тастиқгардидаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар толори МТМУ №65, ки чанде пеш бо иштироки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, баргузор гардид. Дар нишасти илмӣ котиби масъули Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Тоҷикистон Абдумавлон Азимов, донишҷӯи курси 4 уми донишкадаи дар боло зикр гардида иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз меҳмонон дар ҳамроҳии муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ба назди муҷассамаи “Модари маҳзун” гулдастаи рамзӣ гузоштанд. Саҳначаҳо дар иштироки хонандагон вобаста ба ҳодисаҳои солҳои 1941-1945 ба самъи ҳозирин пешниҳод карда шуд. Сурудҳо дар васфи Ватан ва рақси гулдухтарон идомабахши чорабинӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.